ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасним,Забеҳуллоҳи Муҷоҳид-сухангӯии Толибон эълом кард, ки Ҳайбатуллоҳ Охундзода-раҳбари ин гурӯҳ дар шаҳри Кувайтаи Покистон зиндагӣ намекунад, ки ҳодисаи инфиҷори барояш рух дода бошад.
Бархе расонаҳои Афғонистон имрӯз эълом карданд, ки раҳбари Толибон ба ҳамроҳи чанд нафар аз аъзои аршади ин гурӯҳ дар инфиҷоре дар минтақаи Чолўи боварии шаҳри Кувайтаи Покистон кушта шуд.
Муҷоҳид афзуд: Дар чанд моҳ қабл низ хабаре бо ҳамин ҷузъиёт мунташир шуд, ки Толибон дар он замон ҳам ин хабарро рад кард ва ин бор ҳам мегӯем, ки ин хабари нодуруст ва дур аз воқеъият аст.
Сухангӯи Толибон интишори ин ахборро кори душманони ин гурӯҳ донист ва муддаӣ шуд : Мухолифони Толибон ҳар гоҳ таҳти фишор қарор мегиранд ва ё эҳсоси хатар мекунанд ба овозахо доман мезананд то зеҳнҳои мардумро норушан кунанд.
342/